Имрӯз дар МТМУ рақами 19 – и шаҳри Душанбе даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” оғоз гардид. Дар ин давр довталабон аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе ва аз рӯйи ҳафт номинатсия: математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ миёни ҳам сабқат мекунанд.
Соли чорум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомали Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор карда мешавад. Озмун дар чор давр баргузор гардида, ғолибони даври ниҳоии он бо диплом, ҷоми ғолиб ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 15 то 70 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Тавре Амриддин Самиев раиси ҳакамон аз номинатсияи география зимни суҳбат ба мо гуфт, имсол шумораи иштирокчиёни озмун зиёд гардида, ҷаҳонбинии илмии онҳо низ дар сатҳи баланд қарор дорад.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи низомнома барои иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки тибқи он иштирокчиёни даври ниҳоии озмун, ки синфи 11- ро хатм кардаанд ба ихтисосҳои фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ бе озмун дар гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд. Шуркона Абдураҳимова хонандаи синфи 10 – и Муассисаи давлатии таълимии Гимназияи рақами 1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе буда, дар даври сеюми озмуни мазкур аз рӯи наминатсияи “География” иштирок менамояд. Ӯ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки соли гузашта то даври ҷумҳуриявӣ рафта, ғолиб наомад ва имсол бо тайёрии ҷиддӣ омада, умедвор аст, ки то даври ҷумҳуриявӣ рафта, сазовори ҷойи намоён мегардад.
Бояд гуфт, ки соли гузашта хонандагони муассисаҳои типи нав, яъне литсейу гимназияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар озмун аз ҳам ҷудо гардиданд, ки дар натиҷа ҷойҳои ифтихорӣ зиёд гардида, миқдори ҷойҳои сеюм ба се адад расонида шуд. Ёдовар мешавем, ки даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» тули як ҳафта, яъне то 23 – уми сентиябр дар шаҳри Душанбе идома меёбад.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”