Шоми дирӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар майдони шаршараи Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавии идона баргузор шуд.
Дар чорабинии мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша, муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб, раиси ноҳия Қодирзода Руслан ва роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ иштирок намуда, аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, дастовардҳои соҳаи маорифу фарҳанг, кишоварзӣ ва соҳаи варзиш, ки ба марази тамошо гузошта шуда буданд, дидан намуданд.
М. Пардаев,
Радиои Тоҷикистон