Бо шукргузорӣ аз ин Ватани маҳбуб бахшида ба 33 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ таҳти унвони “Истиқлоли Ватан” баргузор гардид.
Пеш аз оғози чорабинӣ меҳмонон дар ҳайати намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед, муовини Раиси шаҳри Душанбе Холмаҳмадзода Сорбон ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансур Олимзода Сафар ва дигар шахсони расмӣ аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ, дастовардҳои соҳаҳои маорифу фарҳанг, кишоварзӣ ва варзиш, ки ба тамошо гузошта шуда буданд, дидан намуданд.
Меҳмонон ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия бо паёми табрикотӣ кулли сокинонро ба 33-юмин солгарди ҷашни бузурги миллӣ шодбош намуда, вобаста ба дастовардҳои кишвар дар даврони Истиқлолият ва саҳми арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлатсозӣ ва давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ибрози андеша намуданд.
Инчунин, дар рафти чорабинӣ баҳри фаъолияти меҳнатӣ ва саҳми назаррас гузоштан дар рушду пешрафти ноҳия як қатор фаъолон бо Сипосномаи раиси ноҳия дар вазъияти танатанавӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ, бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва тарранумгари зебоиҳои диёр барномаи рангини фарҳангиро пешкаши тамошобинон гардондананд.
М.Пардаев