Дар қитъаҳои осебпазири роҳҳои мошингарди Тоҷикистон 51 долони зиддитармавӣ сохта мешавад

Масъалаҳои марбут ба сохтмони 51 долони зиддитармавӣ бо дарозии 5,2 километр дар қитъаҳои осебпазири роҳҳои мошингарди Тоҷикистон дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо роҳбари аршади бахши нақлиётии Фонди авруосиёии муътадилсозӣ ва рушд (ФАМР) Александр Рашиков дар Душанбе баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст.

Фонди авруосиёии муътадилсозӣ ва рушд (ФАМР) дорои механизми молиявии минтақавӣ бо ҳаҷми беш аз 9 миллиард доллари амрикоӣ мебошад.

Он соли 2009 аз ҷониби Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Ҳадафи фонд мусоидат ба суботи иқтисодию молиявӣ дар давлатҳои иштирокчӣ, инчунин дастгирии рушди устувори онҳо мебошад.