Ҷаласаи ҳаждаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ таҳти ҳамраисии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким ва ҳамраисии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Скляр Роман ба кори худ оғоз бахшид.
Дар ҷаласа ҷонибҳо тақвият додани ҳамкориҳо дар самтҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа ва технологияҳои муосир, маориф ва илм, тандурустӣ, сайёҳӣ, меҳнат ва муҳоҷират, иқтисоди рақамию сабз, ҳифзи муҳити зист, варзиш ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, бо ҷалби сармоягузорони қазоқистониро баррасӣ менамоянд.
Маврид ба зикр аст, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон 668,9 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 109,2 млн.доллар ё 19,5 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар сохтори савдои хориҷии Тоҷикистон дар ин давра Қазоқистон бо ҳиссаи 15,2 фоиз ҷои 3-юмро ишғол мекунад.
Айни замон дар Тоҷикистон беш аз 90 ширкат бо саҳми сармояи қазоқистонӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, алоқа ва хизматраснӣ фаъолият менамоянд. Дар анҷоми ҷаласа имзои Протокол ба назар гирифта шудааст.