Имрӯз ҷаласаи XV раисони Судҳои Олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раисии Суди Олии Ҷумҳурии Қазоқистон ба таври онлайн баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа раисон, муовинон ва судяҳои Судҳои Олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон, Покистон, инчунин Котиби Генералии Созмони ҳамкории Шанхай, намояндаи махсус ва ҳамоҳангсози САҲА, намояндагони давлатҳои нозир иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тибқи барнома, дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба нақши судҳо дар таъмини арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули иҷтимою иқтисодии давлатҳо, инчунин ба танзим даровардани муносибатҳои ҳуқуқӣ дар давраи пандемияи ҷаҳонии (глобалии) COVID-19, пешгирӣ ва назорати паҳншавии он, принсипҳо, афзалиятнокӣ, танзими ҳуқуқии рақамисозии мурофиаи судӣ, гуманизатсияи қонунгузории ҷиноятӣ, рушди мурофиаҳои маъмурӣ, пешгирии хавфҳои коррупсионӣ дар судҳо, таҷрибаи баррасии парвандаҳо дар бораи маҳрум сохтан аз ҳуқуқи падару модарӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷаласа раисон, судяҳои Судҳои Олӣ сухан карда, андешаҳои худро оид ба муҳимияти масъалаҳои баррасишаванда, қонунгузории кишвари худ, таҷрибаи судӣ ва роҳҳои минбаъдаи рушди минбаъдаи ҳамкорӣ иброз намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа изҳороти муштараки раисони Судҳои Олии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай қабул гардид. Тибқи он дар назар дошта шудааст, ки минбаъд низ ҳамкории судманд байни Судҳои Олии давлатҳои аъзо идома дода шавад.
Баргузории ҷаласаҳои мазкур ва ҳамкории сарони мақомоти олии судии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба таҳкими робитаи байни Судҳои Олии давлатҳои аъзо имкон дода, ба шиносоӣ пайдо кардан аз таҷрибаи судӣ, раванди ислоҳоти судию ҳуқуқии ҳамдигар ва рушди қонунгузории миллии кишварҳои аъзо мусоидат менамоянд.