Шартнома оид ба сохтмони беморхонаи нави мубориза бар зидди бемориҳои сил дар Кӯлоб ба маблағи 11 миллион евро ба имзо расид

2 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо «Шартнома оид ба пешниҳоди грант байни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Бонки Олмонии Рушд (KfW)» ба маблағи 11 миллион евро барои сохтмони беморхонаи нави зидди бемории сил дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Созишнома аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ва Роҳбари намояндагии минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер ба имзо расид.

Гуфта шуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби маблағҳои грантӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ,  Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Федеративии Германия корбарӣ дорад.

Дар доираи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба ҳамкории молиявӣ (2020) маблағи мазкур барои маблағгузории лоиҳаи нави «Барномаи мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистон марҳилаи VI» ҷудо гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки шартномаи мазкур дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2017-2019, ки аллакай расмиёти дохилидавлатиро гузаштааст, ҳамчун шартномаи маблағгузории иловагӣ ба имзо расид.