Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо сохтмони иншооти ҷашнӣ шинос гардид. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, сохтмону барқарорсозии иншооти гуногун идома дорад.
Бинои таълимӣ барои курсантони факултаи чоруми Академияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд яке аз чунин иншооти ҷашнӣ ба ҳисоб меравад
Иншоот аз шаш ошёна иборат аст ва дорои 17 синфхона, ошхонаву хобгоҳ, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани бино барои таълиму тарбияи курсантон шароити мусоид фароҳам оварда хоҳад шуд.
Зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонии Маҷмааи муосири варзишии “Суғд Арена” иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дар ҳудуди Муассисаи давлатии Мактаби варзишии маҳорати олии вилояти Суғд бунёд гардида, дар маҷмаа дар як вақт то 1000 варзишгар ба машқу тамрин машғул шуда метавонанд.
Маҷмааи варзишии “Суғд Арена” дорои толорҳои варзишии бокс, гўштингирӣ, гимнастикаи бадеӣ, шоҳмот, шашка, тенис, тэквандо буда, бунёди толорҳои калони баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ низ пешбинӣ гардидааст.
Раиси вилоят инчунин сохтмони госпитали ҳарбиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, ба масъулин барои бо сифати баланд ба охир расонидани корҳо супоришҳо дод.