Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳори нигаронӣ аз ҳодисаи задухурди мусаллаҳона дар минтақаи ал-Вади ал-Кабирии ш.Масқати Салтанати Умон, ҳама гуна амалҳои ҷиноятӣ ва хушунатборро, ки ҳадафи бесуботию нооромсозии ҷомеаро дорад, қотеона маҳкум мекунад.
Дар робита ба ин, ба пайвандони қурбониён тасаллият ва ба осебдидагони ҳодиса таманнои шифои комил изҳор мегардад.