Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2024, №21297 (28-2), санаҳои 19-20 июли соли 2024, дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Технологияи парвариши картошка дар минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон”-ро баргузор менамояд.
Дар ин бора Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ хабар дода менависад, дар доираи баргузории чорабинии мазкур иштирокдорон аз таҷрибаҳои пешқадам ва технологияҳои кишту парвариш ва ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Куҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Шаҳристон, Истаравшан ва Деваштич аз наздик шинос мегарданд.
Дар назар аст, ки дар семинари мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, сарраёсат, раёсат, шуъбаву бахшҳои кишоварзӣ ва хоҷагидорон иштирок менамоянд.
Макони баргузории Семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Технологияи парвариши картошка дар минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон” деҳаи Овчӣ, Ҷамоати деҳоти Ваҳдат, ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ, ин семинар бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», инчунин вазифаҳое, ки дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 (24.01.2024) бо назардошти омилҳои пешгӯинашаванда, тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он, ҷиҳати истифодаи оқилонаву самараноки ҳар як ваҷаб замин баён доштанд ва супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта истодааст.