15 июли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо дабири кулли Анҷумани моликони меҳмонхонаҳои Кувайт Муҳаммад Ноҷиа баргузор гардидааст.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили роҳандозии ҳамкорӣ байни ниҳодҳо ва ширкатҳои сайёҳии ду кишвар, инчунин ташкили чорабиниҳои муштарак ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ намуданд.