Дар Покистон давоми як ҳафтаи охир бар асари гармии тоқатфарсо 570 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора агентии иттилооти Интерфакс хабар медиҳад. Ҳамарӯза то 40 нафар ба беморхонаҳо интиқол дода мешаванд.
Гуфта мешавад, ки давоми чанд ҳафта мешавад, ки дар шаҳри Карочии Покистон ҳарорати ҳаво то 52 дараҷа гарм мешавад. Аз сабаби гармии шадид бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш интиқоли қувваи барқ қатъ мегардад, ки ин ҳолат вазъи пешомадаро боз ҳам мураккабтар мекунад. Бояд гуфт, ки чунин ҳолат дар Ҳиндустон низ ба назар меравад.