10 июли соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастӣ вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳаи соли 2024 баргузор гардидааст.
Тавре сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад, дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳо иштирок намуданд.
Ба иттилои манбаъ, пас аз таҳлилу баррасии вазъи соҳа ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин замина беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон ба тамоми масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.