10 июли соли 2024 дар Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” бо ҷалби мутахассисон омӯзиш дар самти расонидани ёрии аввалияи тиббӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Зимни баргузории омӯзиш зикр гардид, ки доштани малакаҳои зарурии фаврӣ ҷиҳати расонидани кӯмаки аввалия ба ҳар як инсон зарур буда, имконият медиҳад, ки дар лаҳзаҳои ҳассостарин ҳаёти одамро аз хатар раҳонад. Кормандони Сарраёсати маориф ҳамарӯза дар самти назорати таълиму тарбияи насли наврас аз муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии пойтахт дидан менамоянд ва имконияти васеи таблиғи доштани дониш ва малакаҳои оддитарини расонидани ёрии аввалия дар баъзе ҳолатҳои фавқуллодаро доранд.
Омӯзиш ба таври амалӣ баргузор гардида, дар анҷом ба иштирокчиён сертификат тақдим гардид.