Даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба анҷом расид. Довталабоне, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда буданд, – қисмҳои А ва Б-и имтоҳонро супориданд. Муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулбосит Шодиниё мегуяд, ки теъдоди довталабон дар доираи ихтисоси панҷум зиёд буд аз ин рӯ довталабони мазкур ба ду гуруҳ ҷудо гардида, имтиҳоноти онҳо дар давоми ду рӯз гузаронида шуд.
Аз ҷониби Маркази миллии тестӣ барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо 45 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо беш аз 1150 синфхона барои баргузории имтиҳонҳо омода карда шудаанд. Тавре дар суҳбат бо мо Муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулбосит Шодиниё зикр намуд, барои назорат ва ёрии амалӣ расонидан дар омода кардани марказҳои имтиҳонӣ, назорати раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ ва мониторинги он, барои қабули қарори дахлдор, дар сурати рух додани мушкилот, 123 нафар аз кормандони асосӣ ҳамчун намояндаи ваколатдори Марказ, ба марказҳои имтиҳонӣ равона карда шудаанд. “Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таъмини шаффофият ва назорати раванди имтиҳонҳо дар ҳар маркази имтиҳонӣ комиссияи ҷамъиятӣ низ фаъолият мекунад, ки ҳайати онро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияе, ки дар ҳудуди он маркази имтиҳонӣ амал мекунад, муайян ва тасдиқ кардааст. Шумораи умумии шахсони ба ҳайати комиссияҳои ҷамъиятии ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ дохилшуда соли ҷорӣ 135 нафарро ташкил медиҳад”,-изҳор дошт муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулбосит Шодиниё.
Ба зикри муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулбосит Шодиниё довталабоне, ки худро дар даври дуюми бақайдгирӣ барои иштрок дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ сабти ном карда буданд, имтиҳонҳоро дар даври иловагӣ, ки 12-уми июл дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар ва Кӯлоб баргузор карда мешавад, месупоранд.
Рӯзи 20 июл натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тариқи смс — паёмак эълон мегардад. Бояд гуфт, ки соли равон дар давраи асосии бақайдгирӣ беш аз 95 ҳазор довталаб, номнавис карда шудаанд, ки теъдоди онҳо нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2023-юм зиёдтар аст. Ёдовар мешавем, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар довталаб ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои ба имтиҳони ӯ гузошташуда дода шудааст.
Баҳруллои М