АЗНАВСОЗӢ ВА БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР МАҲАЛЛАИ БОРБАДИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Имрӯз аз ҷониби муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, муовини директори филиали Амонатбонк дар шаҳри Душанбе ва намояндаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи Борбади ноҳияи Сино баъди пурра азнавсозӣ ва ифтитоҳ гардид.

Бояд зикр кард, ки майдончаи варзишӣ бо ташаббуси филиали Амонатбонк дар шаҳри Душанбе пурра азнавсозӣ гардида, бо тамоми лавозимотҳои лозима ва ҷавобгӯ ба замони муосир азнавсозӣ гардид.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир зери таваҷуҳи роҳбарияти Олии кишвар ва дастгириҳои соҳибкорону роҳбарияти шаҳр шумораи толор ва майдончаҳои варзишӣ дар ҳамаи маҳаллаву минтақаҳои шаҳри Душанбе рӯ ба афзоиш дорад ва ин имкон медиҳад, ки ҷавонону наврасон ба варзиш машғул шуда, бо фикрониву ақидаҳои солим барои ояндаи кишвари азизамон содиқона хизмат намоянд ва муаррифгари ватани худ дар арсаи байналмилалӣ бошанд.

Ногуфта намонад, ки дар майдончаи варзишӣ миёни ҷавонону наврасони маҳаллаи Борбад мусобиқаи футбол баргузор гардид.

М. Пардаев