Устоди кафедраи матбуоти факултаи журналистикаи ДМТ Қироншоҳ Шарифзода 300 нусха китобе, ки дар китобхонаи манзили худ дошт ба Муассисаи Давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳадя кард, то нафароне, ки завқи китобхонӣ доранд мутолиа намоянд.
Дар миёни инҳо китобҳои бо забони тоҷикӣ ва руссӣ, аз адабиёти бадеии тоҷикӣ, адабиёти бадеии классикони ҷаҳонӣ, ҳамчунин як қисми китобҳои тахассусӣ дар самти журналистика ва адабиётшиносӣ мавҷуданд. Дар баробари ин устод Қироншоҳ Шарифзода якчанд маҷҷалаҳое, ки аллакай нодир шуданд ба китобхона тақдим карданд, аз қабили “Меҳри гиёҳ”-и Равшани Раҳмон, “Гули мурод”-и Пайванди Гулмуродзода ва ғайра.
Устод Қироншоҳ Шарифзода сабаби ба китобхона тақдим намудани китобҳои худро чунин шарҳ дод “Аз як қисми китобҳо дар хона 2-3 нусхаи буд, дар баробари ин ҳоли ҳозир дар хона мисли пеш китобхонӣ зиёд нест. Солҳои, ки интернет то ин дараҷа васеъ паҳн нашуда буд, шогирдон аз факултет омада китобҳои соҳавиро гирифта, мутолиа мекарданд. Бо паҳн шудани интернет дигар ба ин эҳтиёҷе нест ва хуб мешавад то мактаббачагое, ки хоҳиши мутолиа доранд, китобҳоро инҷо хонанд”.
Ҳамчунин Қироншоҳ Шарифзода 18 бастаи матбуоти даврии кишвар, ки солҳои гуногун нашр шудаанд, ба шуъбаи матбуоти даврии КМТ тақдим намуд.
Дар навбати худ роҳбарияти КМТ ба Қироншоҳ Шарифзода барои ин иқдоми хуб изҳори минатдорӣ намуданд.