Даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» баргузор гардид

Имрўз дар муассисаи давлатии Коллеҷи технологии ш. Душанбе даври ниҳоии Олимпиадаи Ҷумҳурияви барои дарёфти «Ҷоми кумита оид ба таҳсилоти ибтидои ва миёнаи касбии назди ҲҶТ» баргузор гардид.

Даври авали Олимпиадаи мазкур  дар муассисаҳои таҳсилоти   ибтидоии касбӣ  сурат гирифта,  ғолибони он имрўз дар даври ниҳои аз 62 муассисаҳои таълимӣ аз рўи 5 наминатся қувваозмоӣ доранд. Раиси кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди ҲҶТ Фарҳод Раҳимӣ мегўяд, ки ҳадаф аз баргузории Олимпиадаи мазкур  то андозае бохабар шудан аз сатҳи хониши хонандагон аз фанҳои химия, физика, математика, биология ва техналогияи компютерӣ мебошад.

Ба иттилои ҳамкорамон Гулрў Ниёззода  Олимпиадаи Ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми кумита оид ба таҳсилоти ибтидои ва миёнаи касбии назди ҲҶТ»  аз рўи 5 наминатся бо иштироки 240 нафар, таи ду рўз идома дошта,  ғолибонро 3 ҷоӣ ифтихорӣ ва сипосномаю  ифтихорномаҳои  Кумита оид ба таҳсилоти ибтидои ва миёнаи касбии назди ҲҶТ интизор аст.

Гулрў  Ниёзова