Котиби генералии ИДМ Сергей Лебедев зимни баромади хеш дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иброз намуд, ки: “Баргузории чунин як чорабинии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле рамзӣ аст, зеро маҳз бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ солҳои 2018-2028-ро ҳамчун соли байналмилалии об барои рушди устувор эълон кард. Даҳсолаи кунунии байналмилалӣ имкон медиҳад, ки пешрафтҳои дар даҳсолаи қаблии «Об барои ҳаёт» бадастомада мустаҳкам ва такмил дода шуда, инчунин таваҷҷӯҳ ба мушкилоти мавҷудаи идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои об равона карда шавад», – қайд кард Дабири кулли ИДМ.
Ҳамзамон, котиби генералии ИДМ Сергей Лебедев масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об ва идоракунии захираҳои обро яке аз афзалиятҳои глобалии ҳаётан муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ маънидод намуд. “Афзоиши шумораи аҳолии кураи Замин ва ҳаҷми фаъолияти иқтисодӣ боиси зиёд шудани истеъмоли об барои эҳтиёҷоти истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ ва саноат, барои истифодаи маишӣ мегардад. Аз тарафи дигар, олудашавии муҳити зист, тағирёбии иқлим ва дигар омилҳо боиси кам шудани сарчашмаҳои об мешаванд,- таъкид кард Сергей Лебедев.
Ҳамзамон, мавсуф дар идома таъкид намуд: “Мулоқотҳои ҳарсолаи роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи муҳити зисти кишварҳои ИДМ ба дарёфти роҳу равишҳои қобили қабули тарафайн нигаронида шудаанд. Қарорҳои дар онҳо қабулшуда ба пурзӯр намудани ҳамкориҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиии фаромарзӣ, ташкили системаи байнидавлатии иттилоотии экологӣ, такмили идоракунии муҳити зист ба манфиати наслҳои ҳозира ва оянда мусоидат мекунанд”.
Баҳруллои М.