Беларус тасмим гирифтааст, ки дар самти омӯзиши геологии қаъри замин аз таҷрибаи геологҳои тоҷик истифода барад

Ҷониби Беларус тасмим гирифтааст, ки аз таҷрибаи геологҳои тоҷик, хусусан дар самти омӯзиши геологии қаъри замин ва рақамикунонии соҳа истифода барад. Дар ин хусус зимни вохӯрии сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода бо Вазири захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Беларус Сергей Масляк иброз гардид, хабар доданд аз Саридораи геология.

Мулоқот дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаи омӯзиши геологии қаъри замин, аз ҷумла дар таҳияи асоснокунии иқтисодӣ-техникӣ оид ба коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, ташкил ва гузаронидани корҳои аксбардорию топографӣ барои сохтани харитаҳои геологии насли нав, имконияти омӯзиш ва табодули таҷрибаи кормандон, истифодаи таҷҳизоти геологӣ-геофизикӣ ва ғайраҳо баррасӣ гардид.

Сардори Саридора дар бораи фаъолият, базаи моддию техникӣ, рақамикунонӣ, шароити корӣ, барномаҳои соҳавӣ, имконияти ба роҳ мондани ҳамкории муштарак ибрози ақида намуд.

Вазири захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Беларус Сергей Масляк аз дастовардҳои мақомоти геологияи тоҷик, пеш аз ҳама, рақамикунонии соҳа изҳори хушнудӣ карда, барои истифодаи таҷрибаи геологҳои тоҷик ва ба роҳ мондани ҳамкории муштарак изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ояндаи наздик Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар самти омӯзиши геологии қаъри замин ва рақамикунонӣ ба имзо расонанд.