Мавлоно — пайвандгари арзишҳои башардӯстона дар ҷаҳони муосир

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» баргузор гардид. Дар он олимону муҳаққиқон, донишмандон ва ҳаводорони адабиёти классикии тоҷик иштирок намуда, паҳлуҳои гуногуни осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва аҳаммияти андешаҳои ӯро дар ҷаҳони муосир баррасӣ карданд.

Чорабинӣ бо ибтикори Маркази «Тоҷикшиносӣ» ва шуъбаи робитаҳои байналмилалии Китобхонаи миллӣ бо мақсади таҳқиқи ҳамаҷонибаи мероси адабии Мавлоно, омӯзиши афкори фалсафию ирфонии ӯ ва арзишҳои башардӯстонаи ин мутафаккири бузург баргузор шуд.

Зимни муҳокимаҳо иштирокдорон муҳтавои ашъор, ҷаҳонбинӣ ва ғояҳои фалсафию ирфонии Мавлоноро мавриди таҳлил қарор дода, нақши осори ӯро дар рушди тафаккури маънавии ҷомеа ва таҳкими арзишҳои умумибашарӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин, масъалаҳои шинохти дурусти мақоми Мавлоно дар таърихи адабиёти тоҷик ва тамаддуни ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.

Зикр гардид, ки андешаҳои Мавлоно дар бораи некиву накӯкорӣ, инсонпарварӣ ва дарки амиқи моҳияти зиндагӣ дар шароити ҷаҳони муосир низ аҳаммияти хос доранд.