Қисмати дуюми Конфронси сеюми  байналмилалии сатҳи баланд дар чаҳорчӯбаи  ҷаласаи пленарӣ доир гардид

Баъд аз Конфронси сеюми  байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028 қисмати дуюми Конфронси мазкур дар чаҳорчӯбаи  ҷаласаи пленарӣ таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Дабири кулли СММ Ли Чунхуа доир гардид.

Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал дар об яке аз силсилаи конфронсҳое мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ҳар ду сол бо мақсади мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал баргузор мегардад».

Конфронс аз ҷониби Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ ва дигар шарикон ташкил гардида, он ба Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамӯҳлати Даҳсолаи об, ки 22-24 марти соли 2023 дар Ню-Йорк гузаронида мешавад, занҷираи марказӣ хоҳад буд.

Дар доираи раванди оби Душанбе, Конфронси мо имкони беҳамтоеро барои пешбурди натиҷаҳои Конфронси оби СММ дар соли 2023 ва таҳияи ӯҳдадориҳои нав барои ҳалли мушкилоти глобалии об фароҳам меорад,-таъкид кард Сарвазир мамлакат.

Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Чунхуа доир ба нақши муассири ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоссатан Президенти мамлакат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи захираҳои обӣ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки тақвияти ҳамкорӣ аз сатҳи маҳаллию миллӣ то сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ аз масъалаҳои асосии баррасишавандаи конфронс дониста шудааст.

Мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои рушди аграрӣ Шуҳрат Ғаниев , вазири хочагии кишлоки Арабистони Саудй Абдулрахмон ал-Фазлй, вазири кишоварзии  Озарбойҷон Маҷнун Мамедов, Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер, ва дигар коршиносони масоили обу иқлим оид ба мушкилоти обу эклогия ва пиряхқо баромад карданд. Бештари иштироккунандагон иброз доштанд, ки мушкилоти камоби сол ба сол  дар дунё бештар шуда истодааст ва имрӯзҳо панҷ ташаббуси Тоҷикистон саривақтӣ буда замоне фаро расидааст, ки дар ин самт бо Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монда шавад. Пас аз он роҳбарони ҳайатҳои созмону ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин кишварҳои иштироккунанда, аз ҷумла Белорус, Русия, Бангладеш Баҳрайн, Замбия, Малайзия ва дигар давлатҳо оид ба нақши об дар ҳаёти инсон ва устувор намудани ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои даҳсола суханронӣ карданд.

Таъкид карда шуд, ки ҳамкории густурда аз сатҳи маҳаллию миллӣ то сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ метавонад дар татбиқи пурраи ҳадафҳои Даҳсолаи нави «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» нақши арзишманд гузорад. Суръат бахшидан ба ҳамкорӣ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои оби Рӯзномаи рушди 2030 масъалаи меҳварии Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ташкил медиҳад.

Машраб Маликов,

Радиои Тоҷикистон