Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Конфронси сеюми оби Душанбе таъкид доштанд, ки маҳз тавассути ташаббусҳои Тоҷикистон ҳар сол рузи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии об дар тамоми ҷаҳон таҷлил карда мешавад.
Ҳамчунин дар соли 2025 кишвари мо мизбони як ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ хоҳад шуд ва Пешвои миллат ҳозиринро ба ин ҳамоиш бевосита даъват намуда, гуфтанд, ки ин ҳамоиш заминае барои баргузории Конфронси байналмилалӣ дар СММ дар соли 2028 хоҳад буд.
Сарвари давлат ба самъи иштирокдорони конфронс расониданд, ки пешниҳоди навбатии Тоҷикистон ин оид ба қабули «Даҳсолаи илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ» хохад буд ва изҳори боварӣ намуданд, ки аз ҷониби кишварҳои дигар ҷонибдорӣ хоҳад шуд.
Ш. Аҳмад,
радиои “Тоҷикистон“