ИМРӮЗ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДУШАНБЕ БО ТИМИ МИЛЛИИ ПОКИСТОН БОЗӢ МЕКУНАД

Имрӯз, 11-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии ниҳоии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G»-ро бо тими миллии Покистон баргузор мекунад.

Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мешавад.

Мо аз тамоми мухлисон даъват ба амал меорем, ки ба варзишгоҳ омада, дар ин бозӣ тими миллии Тоҷикистонро дастгирӣ кунанд. Даста ба дастгирии шумо ниёз дорад!

Манбаъ: fft.tj