Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси 3-уми байналмилалӣ оид ба “Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 бо иштироки намояндагони 120 кишвари ҷаҳон ва 70 созмони минтақавию байналмилалӣ доир гардид.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Президенти ҶТ, Ҳамраиси раванди оби Душанбе Султон Раҳимзода ҳадафи конфронсро пеш аз ҳама тақвият бахшидани дастовардҳои Тоҷикистон дар Конфронси таърихии СММ арзёбӣ намуд, ки дар онҷо Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Подшоҳии Недарланд ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳам овард ва тавонист, ки дар рӯзномаи амалии об зиёда аз 800 уҳдадориҳои ҷонибҳои гуногунро сабт намояд.
“Имрӯз дар Душанбе мо платформаеро, муҳаё кардаем, то бубинем, он уҳдадориҳое, ки аз ҷониби кишварҳо муҳаё карда шуд, то чӣ андоза амалӣ шуда истодаанд ва аз ҳамаи кишварҳо даъват намудем, ки ба Душанбе ба уҳдадориҳои нав биёянд. Чунки таҳлиҳо нишон медиҳанд, ки равандҳо ва чолишҳое, ки имрӯз ҳаст нисбат ба амалҳои мо бамаротиб зиёдтар аст. Қаблан, мо мегуфтем, ки амалҳоро барои расидан ба рушди устувор ду маротиба зиёд кунем, вале Конфросни оби СММ нишон дод, ки мо бояд амалҳоро 4 маротиба зиёд кунем. Аммо, гузориши СММ дар мавриди хатарзо гардидани раванди обу иқлим нишон дод, ки амалҳои мо хеле кам ҳастанд ва мо бояд амалҳоро 6 маротиба зиёд кунем, то ин ки ба ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 ноил гардем. Барои ҳамин ҳадафи мо такон бахшидан, фаҳмонидани моҳияти дарки масъала мебошад”,-изҳор намуд ҳамраиси раванди оби Душанбе Султон Раҳимзода.
Бояд гуфт, ки тағйирёбии босуръати иқлим ва хавфу хатари офатҳои табиӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Махсусан, имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба гармии ғайримуқарарии ҳаво, хушксолӣ, обхезӣ, сухтори ҷангалзор, обшавии пиряхҳо ва дигар ҳодисаҳои марбут ба обу иқлим мувоҷеҳ гардидааст. Аз ин хотир пешгирии ин ҳама офатҳои табиӣ масъулият ва ё кори як кишвар нест. Бояд тамоми кишварҳо дар сарҷамъи ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна хавфу хатарҳо ва коҳиши хатарҳои офати табиӣ мубориза баранд.
Ба андешаи Султон Раҳимзода яке аз чолиишҳои дигаре, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин афзоиши босуръати аҳолӣ аст, ин раванд ба зиёд шудани талабот ба захираҳои об оварда мерасонад. Агар дар минтақаи Осиёи Марказӣ соли 1960 ба сари ҳар як аҳолӣ 8600 мукааб об мерасид, имрӯз сари ҳар як нафар камтар аз 2000 мукааб об мерасад. Тибқи таҳлилҳо дар сурати идома ёфтани тағйирёбии иқлим ва наандешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна хавфу хатар, эҳтимол аст, ки ба сари ҳар як нафар аҳолӣ камтар аз 1000 мукааб об расад, ки ин алаккай хати “сурх” аст. Ҳадафи конфронси имрӯза низ ҳамин аст, ки намояндагони кишварҳои ҷаҳон масъалаи мазкурро мавриди барассӣ қарор дода, уҳдадориҳои кишварҳояшонро дар самти пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори обу иқлим нишон диҳанд.
Баҳруллои М.