Гурӯҳи муштараки мутахассисони донишгоҳи Киото ва ширкати Sumitomo Foresty дар Ҷопон сохтмони нахустин моҳвораи чӯбин дар ҷаҳонро ба анҷом расониданд. Дар ин бора агентии иттилоотии “ТАСС” бо истинод ба маълумоти донишгоҳи Киотои Ҷопон хабар медиҳад.
Ба иттилои ин расонаи хабарӣ моҳвораи мазкур “LignoSat” номгузорӣ шуда, дарозиаш 10 сантиметр ва паҳноияш 4,5 миллиметрро ташкил медиҳад. Вазни моҳвора ҳамагӣ як килограм мебошад. Бунёди моҳвораи мазкур аз моҳи апрели соли 2020 оғоз ёфта буд.
Гуфта мешавад, ки партоби моҳвора ба мадор имсол тавассути мушаки SpaceX ба нақша гирифта шудааст.