Мулоқоти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар, таҷлили 30-юмин солгарди таъсиси Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон, баррасии масоили муҳоҷирати корӣ миёни Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе, мубориза бо хурофотпарастиву таассуб дар ҷомеа ва бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ дар манотиқи Тоҷикистон аз мавзуҳои меҳварии нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 30 май суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишварро нашр кардааст.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намояд ва иҷрои чорабиниҳои ба ин мақсад равонашударо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.
Ба Ҳукумати кишвар супориш дода шуд, ки бо таъсиси комиссияи босалоҳият таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти ҳамаи зерсохторҳои Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ, аз ҷумла иншоот ва заминҳои аз даврони гузашта дар тавозуни ин сохторҳо боқимондаро анҷом диҳад.
Вобаста ба интихоб, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои арзанда Ҳукумати кишвар ва сохторҳои марбута аз Сарвари давлат супоришҳои қатъӣ гирифтанд.
Дар рафти мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳдошти сифати таълим дар муассисаҳои олӣ ва миёна, ба замони муосир мутобиқ сохтани соҳаи таълим ва дигар омилҳои пешбарандаи ҷомеа ба шахсони масъул ва сохторҳои марбута дастурҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин зарур шумурда шуд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати китобҳои дарсӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 29 май бо нашри матлабе ин саволро матраҳ кардааст, ки боришоти пай дар пай аз куҷо меояд?
Ба гуфтаи Ҷамила Байдуллоева, муовини раҳбари Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, боришоти имсола нисбат ба соли гузашта ва се соли охир аз меъёри муқаррарӣ зиёд аст.
Вай афзуд, ки чунин вазъи боду ҳаво дар моҳи май аз ҳисоби ба кишвар пай дар пай ҳаракат кардани ҳавои муътадил, гарм ва намнок аз минтақаи уқёнуси Атлантика, баҳри Миёназамин, қисми ҷанубии баҳри Хазар ва як қисми баҳри Сиёҳ мебошад.
Ҳамзамон ба гуфтаи Ҷамила Байдуллоева дар кишвари мо бинобар сабаби минтақаи баландкӯҳ будани он, ҳаракати анбуҳи ҳаво иқлимро тағйир дода, боришот мешавад. Бинобар ин, дар Осиёи Марказӣ боридани боронҳои шадид, асосан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқуъ мепайванданд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумораи худ бо нашри матлабе аз оғози марҳилаи нави корҳои созандагӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод. Ба навиштаи муаллиф ахиран раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода бо ҷараёни корҳои сохтмони бинои нави беморхонаи вилоятӣ, ки бештар аз 1 гектарро ташкил медиҳад, дидан намуданд. Тибқи лоиҳа, бино аз шаш ошёна иборат буда, арзиши лоиҳавии он беш аз 100 миллион сомонӣ аст.
Дар маҳаллаҳои Ниводак, Носири Хисрав ва Хоруғи Боло сохтмони биноҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 4, 6 ва 8 идома дорад. Бинои Муассисаи таълимии №8-и маҳаллаи Хоруғи Боло аз се қисм иборат буда, ду қисми он бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт. Айни ҳол сохтмони қисмати сеюми бино бомаром идома дорад.
Инчунин сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Хоруғ идома дошта, бунёди зербино аллакай анҷом шудааст. Барои бунёди иншооти мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат 27 миллион сомонӣ ҷудо намудааст.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 27 май мақолае зери унвони “Марз ва амнияти миллӣ” чоп карда менависад, ки сарҳад шарти асосии мавҷудияти давлат буда, дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ муҳим аст. Дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ин рисолатро Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба уҳда дорад, ки аз бунёди он 30 сол сипарӣ мешавад.
Ба таъкиди муаллиф, аз бунёди нахустин давлатҳо ҳифзи марз вуҷуд дошт ва то имрӯз батадриҷ меъёр, раво, вазифа ва василаҳои ҳифзи он такмил ёфта устувортар мегардад. Марз чун рамзи арзишманди давлатдорӣ бо ибораҳои шартӣ, ахлоқию равонӣ таҳким ёфта, заминаҳои худшиносӣ, хештаншиносӣ ва ватанпарвариро ба вуҷуд меоварад.
Дар идома таъкид мешавад, ки асри XXI замони технология ё фанноварӣ аст, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ муҳимияти марзу марзбандӣ аз миён намеравад, балки рисолату масъулияти марзбонон ба маротиб меафзояд.
Нашрияи “Садои мардум” инчунин дар ин шумораи худ хабар медиҳад, ки бо ташаббуси ҳукумати шаҳри Душанбе чор хатсайри нави сайёҳии дохилишаҳрӣ — «Сайри Душанбе» таъсис ёфт.
Хатсайрҳо бо мақсади рушди сайёҳӣ, муаррифии имконияту зарфиятҳои сайёҳии пойтахт ва истифодаи самараноки онҳо, ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ва дар ин замина ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами барномаҳои сайёҳӣ таъсис ёфтаанд. Фаъолияти мунтазами хатсайрҳои «Сайри Душанбе» 25-уми май оғоз гардида, то моҳи октябри соли 2024 идома меёбад.
Сайри пойтахт нахуст рӯзҳои истироҳат, минбаъд дар доираи талаботи меҳмонону сайёҳон бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ ташкил мегардад. Тавассути хатсайр сокинону меҳмонон метавонанд бо мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии пойтахт ошно шаванд.
Зимни саёҳат роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар бораи таъриху фарҳанг ва гузаштаи пурғановати халқи тоҷик, инчунин, имконияти сайёҳии пойтахт маълумоти муфассал пешниҳод менамоянд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 29 май мақолае бо номи “Ҷомашӯи бо собуни бегона. Миллионҳои Тоҷикистон куҷо мераванд?” чоп карда, масъалаи афзоиши тавлидоти дохилии собуну хокаи ҷомашӯӣ дар кишварро матраҳ кардааст.
Дар ин матлаб зикр мешавад,ки талабот ба собун дар вилояти Хатлон 14 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, вале соли 2023 ҳамагӣ 16 тонна истеҳсол шудааст, ки талаботро умуман қонеъ намегардонад.
Инчунин дар идома таъкид мешавад, ки ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистону Русия собуну хокаи ҷомашӯӣ ворид карда мешавад. Тоҷикистон дар соли гузашта харидори асосии собуни истеҳсоли Қазоқистон шудааст.
Дар маҷмуъ, соли 2023 дар Қазоқистон 17,5 ҳазор тонна собун истеҳсол шудааст, ки 10,6 ҳазор тонна ё 60,8% ба хориҷ содир шудааст. Дар ин миён 38,7 дарсади собуни қазоқиро, ки ба хориҷа фурӯхта мешавад, Тоҷикистон харидорӣ мекунад.
Дар ин замина муаллиф изҳори нигаронӣ кардааст, ки тавлидоти собун ва хокаи ҷомашӯӣ дар кишвар ҷавобгӯи талабот набуда, зарурати бунёди корхонаву коргоҳҳои хӯрди истеҳсоли собун дар манотиқи Тоҷикистон пеш омадааст.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 30 май масъалаи таъмини амнияти ғизоӣ дар кишварро барои солҳои оянда баррасӣ карда, навиштааст, ки нархи воридотии гандум метавонад то соли 2030 бештар аз ду баробар боло равад. Дар ин бора дар Барномаи давлатии таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028, зикр шудааст.
Муаллифони Барнома таъкид мекунанд, ки тибқи пешгӯиҳо афзоиши қимати гандум ба ҳисоби миёна солона 4% ва то соли 2030 арзиши як тонна ин маҳсулот 500 долларро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Тоҷикистон дар соли 2023 беш аз 1 миллион тонна гандумро ба нархи миёнаи 282 доллар барои як тонна ворид кардааст. Инчунин дар дохили кишвар соли гузашта каме бештар аз 860 ҳазор тонна гандум истеҳсол карда шуд.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”