Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи машваратии иқтисодиву тиҷоратии шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ.
Дар ҷаласа Раиси Ҳукумати мардумии шаҳри Чэнду бо ҳайати асосӣ ва зиёда аз 40 нафар ҳайати соҳибкорони шаҳри Чэнду дар якҷоягӣ бо роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои мамлакат ва соҳибкорони ватанӣ табодули афкор намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ҷаласа тақвият бахшидан ба рушди ҳамкории минбаъда, муаррифии имконияти иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии ду ҷониб мебошад.
Зимни баргузории чорабинӣ байни ду ҷониб якчанд созишномаи ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишномаи ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи рушди савдои хориҷии шаҳри Чэнду ба имзо расонида шуд.
Пас аз анҷоми ҷаласа вохӯрии дуҷониба байни намояндагони бахши хусусии ду давлат дар шакли В2В баргузор гардид.