Олимони Австралия як сайёраи наверо кашф карданд, ки андозаи он баробар ба андозаи Замин аст. Мувофиқи маълумоти олимон қисми зиёди сайёраи кашфшуда аз обу санг пур буда, иқлими он муътадил арзёбӣ мешавад.
Сайёраи нав “Gliese 12 b ” номгузорӣ шудааст, ки аз Замин дар масофаи 40 соли рӯшноӣ ҷойгир аст ва тибқи меъёрҳои кайҳонӣ хеле наздик мебошад. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар ин сайёра 40 дараҷаро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумоти олимон, як сол дар сайёраи “Gliese 12 b” ҳамагӣ 13 рӯзи Заминро ташкил медиҳад, зеро сайёра дар атрофи ситораи худ хеле зич давр мезанад. Gliese 12 b назар ба Замин аз Офтоб 1,6 маротиба зиёдтар энергия мегирад.