27-уми майи соли ҷорӣ бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода семинари омӯзишӣ бо ҷалби мутахассисони Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон ба кори худ оғоз намудааст.
Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм дар маросими кушодашавии семинари омӯзишӣ ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Мирзозода Наврӯз, роҳбари лоиҳаи “Кӯмаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Штефан Зеверт, директори Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон Кабдикаримова Жанбота ва 50 нафар кормандони Донишкада ва филиалҳои он иштирок намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар оғоз вазири маориф ва илм меҳмононро хушомадед намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар бори дигар ба муҳим будани маҳорати касбии омӯзгорон ва нақши он дар беҳтар намудани сифати таҳсилот ибрози андеша намуда, аз ҷумла қайд намуданд: «Бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода намудани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати бослаҳоият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад». Моро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, омода намудани омӯзгорони баландихтисос ва аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани онҳо чораҳои дахлдор андешем.
Сипас, директори Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон Кабдикаримова Жанбота, роҳбари лоиҳаи “Кӯмаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” Штефан Зеверт ва ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Наврӯз Мирзозода оид ба кори семинар ва нақшаву дурнамои он суханронӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур аз 27-уми майи соли 2024 то 10-уми июни соли 2024 идома меёбад. Пас аз анҷоми омӯзиш иштирокчиён соҳиби гувоҳномаи байналмилалӣ гардида, дар ҷумҳурӣ 1200 нафар омӯзгорону кормандони соҳаи маорифро аз омӯзишҳои минбаъда мегузаронанд.