Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоргардида ҳисобида шуд. Тибқи иттлои раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода то соати 15:00 дар саросари мамлакат З миллиону 495 ҳазору 215 нафар ё 70,71% — и интихобкунандагон дар ин маъракаи муҳим иштирок карданд.
Интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар зиёда аз 50% интихобкунандагон ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд. Райъдиҳии беш аз 70% — и интихобкунандагон аз он шаҳодат медиҳад, ки фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқии сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле боло рафта, онҳо дар чунин маъракаҳои сиёсӣ бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ иштирок менамоянд.
Раванди овоздиҳӣ то соати 20:00 дар 3375 участкаҳои интихоботӣ идома меёбад. Бино ба маълумоти Бахтиёр Худоёрзода, то ин соат ба КМИР ягон муроҷиат ва шикоят ворид нагардидааст.