Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Сарвазир, вазири мудофиа ва вазири корҳои дохилии Кувайт

22 майи соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо муовини якуми Сарвазир, вазири мудофиа ва вазири корҳои дохилии Давлати Кувайт Шайх Фаҳд Юсуф Сауд ас-Сабоҳ баргузор гардидааст.

Тавре сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба маҷмӯи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Кувайт дар соҳаҳои амният ва мудофиа табодули афкор намуда, ба тақвияти равобити амниятии ду кишвар таъкид намуданд.