16 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Директори идории Хазинаи Байналмилалии Асъор хонум Кристалина Георгиева мулоқот намуданд. Дар ин хусус Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ кумаку дастгириҳои Хазинаро дар амалисозии барномаҳои мухталиф доир ба татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, нигоҳдории суботи макроиқтисодӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардуми мамлакат, бахусус дар давраи пандемияи коронавирус муҳим арзёбӣ намуданд.
Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкиму тавсеаи ҳамкориро бо Хазинаи Байналмилалии Асъор барои амалисозии минбаъдаи ислоҳоти иқтисодӣ ва тарақиёти бомароми мамлакат зарур мешуморад.
Мусоидат ба таъмини суботи молиявӣ, таҳкими низоми бонкӣ, дастгирии лоиҳаҳое, ки ба ташаккули иқтисоди “сабз”, густариши рақамикунонӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва обу иқлим равона шудаанд, аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъда номида шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.