Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» таҳти унвони «Дурнамои рушди мусиқии суннатии халқҳои Шарқи Наздик ва Миёна дар шароити ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид.
Дар симпозиум ҳайатҳои ҳунарӣ ва олимони санъатшинос аз давлатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон, профессорони санъати мусиқии шашмақом ва дӯстдорони он иштирок намуданд.
Дар оғози Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» Мушовири бахши Ёрдамчиёни Президенти кишвар оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода баромад карда, иброз намуд, ки мероси мусиқии суннатии тоҷик – шашмақом чун асари силсилавии шаклан мураккаб ва хусусияти касбидошта дар тули асрҳои зиёд рушду такомул ёфтааст. Ба таъкиди ӯ бо шарофати истиқлоли давлатӣ барои илми мусиқӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, омӯзиши ананаҳои дерини мусиқии классикӣ густариш ёфт. Олимони мусиқишиноси мо ҷиҳати муайян кардани хусусиятҳои хоси ташаккули санъати шашмақом саҳми назаррас гузоштанд ва китоби шашмақонмро дар таҳрири нав бо назардошти дастовардҳои нави илмӣ ва таҷрибаи амалии иҷрокунандагӣ ба нашр расониданд, гуфт Абдулло Раҳмонзода.
Дар идома Вазири фарҳанги кишвар Матлубхон Сатториён суханронӣ карда, қайд намуд, ки дар шароити ҷаҳонишвӣ, ки боиси аз байн рафтани забон, урфу одат ва фарҳангу санъати баъзе аз ишварҳо гардидааст, баргузории чунин симпозиумҳо барои ҳифзу нигоҳдошти мероси мусиқии суннатии тоҷик – шашмақом, саҳми арзанда мегузорад.
Доктор Мансури Собитзода, пажуҳишгари адабиёт ва мусиқии суннатии ҶИ Эрон зимни суҳбат ба мо гуфт, ки маро дар кишварам ҳамчун ходими фарҳанги Эрон ва Тоҷикистон мешиносанд, зеро ман аввалин шуда китоби мусиқиро дар бораи шашмақом ва сароияндагони мусиқиҳои форисизабонон навиштам ва имрӯз онро дар ҳошияи симпозиум ба мардуми тоҷик тақдим менамоям. Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки:
Талитли Ахунова меҳмон аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, доктори илмҳои филологӣ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки баргузории чунин Фестивал-симпозиумҳо барои шиносои бо мусиқии суннатӣ ва фарҳанги давлатҳои иштирокчӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамчунин имрӯз дар доираи Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ барномаи консертии ҳунармандони тоҷик барпо мегардад. Илова бар ин дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дарсҳои маҳорат бо услуби «устод – шогирд» гузаронида мешаванд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон”