Дар баробари дигар шаҳру навоҳии мамлакат дар ноҳияи Мастчоҳ низ имрӯз маъракаи муҳими интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад. Тибқи иттилои масъулин дар ҳудуди ноҳия 75 310 нафар интихобкунанда зиндпгӣ мекунанд. Аз ин шумора, 715 нафар бори аввал дар маъракаи интихобот иштирок менамоянд.
Тибқи иттилои комиссияи ҳавзаи интихоботии №40 дар ноҳия 45 участкаи райъдиҳӣ таъсис дода шудааст, ки ҳамаи онҳо аз соати 6-и субҳ дари худро барои интихобкунандагон боз кардаанд. Дар участкаи интихоботии ҷамоати шаҳраки Бўстон – 28 сокинон дастаҷамъона ба участкаи мазкур омада, райъи худро дода истодаанд.
Қобили қайд аст, ки ҳуҷраҳои махсус барои модару кӯдак, утоқ барои афроди дорои маъюбият ва ҳуҷраҳои муқаррарии овоздиҳӣ ташкил шуда, қуттиҳо барои партофтани бюлетенҳо дар ҷойҳои муайяншуда гузошта шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд аз он бе мамониат истифода баранд.
Суратгузориш аз рафти интихобот дар участкаи интихоботии ҷамоати шаҳраки Бўстон – 28
Дар участкаи овоздиҳии мазкур дар баробари хонаи модару кўдак, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ низ мавҷуд аст. Ҳар сокине, ки вориди участкаҳои интихоботӣ мешаванд, ҳатман ниқоби тиббӣ ва дастпўшак доранд.
Дӯстмурод ФАЙЗАЛИЗОДА,
аз ноҳияи Мастчоҳ махсус барои сомонаи Радиои Тоҷикистон