Пирӯзии дастаи футболбозони Кумитаи телевизион ва радио бар дастаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо

Дастаи “Садо ва симо”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои шаҳри Душанбе бар дастаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо ҳисоби 4:3 ғолиб омад.

Ин бозии чоруми дастаи “Садо ва симо”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дастаи “Садо ва симо”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бозии оянда бо дастаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ рақобат хоҳад кард.