Вазири корҳои хориҷии Маҷористон Петер Сийярто бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Радиои Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин сафар вазири корҳои хориҷии Маҷористон Петер Сийярто бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири энергетика ва захираҳои об, вазири рушди иқтисод ва савдо ва дигар мақомҳои расмии кишвар дидору мулоқот хоҳад дошт.
Ин сафар, пагоҳ 30-юм апрел сурат мегирад.