Дар асоси мувофиқаи бадастомада, аз 21 то 27 апрели соли 2024 дар шаҳри Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо дар мавриди тавсифи гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда табодули назар намуда, тасмим гирифтанд то корҳоро дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, идома диҳанд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.