3 апрели соли 2024 мулоқоти намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария – Шараф Шерализода бо директори генералии Иттиҳоди байналмилалии алоқа – хонум Дорин Богдан Мартин баргузор гардидааст.
Ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди байналмилалии алоқа дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ, инноватсия, зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ ва дигар самтҳои рушдро мавриди баррасӣ қарор доданд.