Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахшида ба эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, 21 март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо”, 22 март Рӯзи ҷаҳонии об ва Соли 2024 “Соли маърифати экологӣ” дар шаҳри Душанбе, инчунин идомаи ҷонибдории иқдомҳои байналмилалии Асосгузори сулҳ ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба обу иқлим, дар меҳмонхонаи Ҳаят реҷенсии Душанбе Конфронси илмӣ амалӣ дар мавзӯи “Нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббусҳои сабз: таҷрибаи Душанбе” оғоз гардида, идома дорад.
Дар кори конфронс намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату идораҳо, мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти иҷроия, корупсҳои дипломатӣ ва намояндагони дигар соҳаҳо иштирок ва суханронӣ менамоянд.
Дар оғози чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризо суханронӣ намуда, аз ҷумла иқдомҳои байналмилалии Асосгузори сулҳ ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба обу иқлим ва ҷонибидории онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон ибрози назар намуданд.
Сурайёи Сироҷиддин,
радиои “Тоҷикистон”