Дар Ҳиндустон метрои зериобӣ сохта шуд

Дар Ҳиндустон аввалин метрои зери обӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Тавре шабакаи телевизиони МИР 24 хабар медиҳад, нақб дар зери дарёи Ҳугли ҷойгир буда, шаҳрҳои Колката ва Ховро, ки дар соҳилҳои гуногун воқеъ гардидаанд, ба ҳам мепайвандад.

Алаккай қатораҳо аз нимаи моҳи март пурра ба мусофирбарӣ шуруъ мекунанд. Гуфта мешавад, ки суръати ҳаракати қатораҳо дар 45 сония 520 метрро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти ҳукуматдорони маҳаллӣ аз сабаби набудани ҷойи мувофиқ дар минтақаи Колката сохтани метрои руйиобӣ имконнопазир аст.