Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон ба Душанбе омад

Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов бо сафари расмӣ ба Душанбе омад. Дар ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Зуҳриддин Умаров иттилоъ дод.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сарвазири Узбекистонро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода истиқбол гирифтанд.

Дар назар аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Абдулло Ориповро барои суҳбат ба ҳузур пазиранд.

Ҳамчунин дидори Сарвазири кишвари ҳамсоя бо ҳамтои Тоҷикистонии худ Қоҳир Расулзода дар мулоқоти дуҷониба ва бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар дар назар аст.

АКС: АМИТ «Ховар»