Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Модар иброз намуданд, ки бо муҳаббату самимият ва дӯстдориву қадршиносӣ таҷлил намудани Рӯзи Модар далели он аст, ки давлату Ҳукумат ва ҷомеаи мамлакати мо қадру манзалати Зан – Модарро гиромӣ ва азиз медоранд.
Таъкид гардид, ки тамоми сиёсатмадорону давлатдорон, донишмандону нобиғаҳо, бузургони олам, аз ҷумла пайғамбарон дар домони поки модар, бо шири сафед ва навозишу меҳрубониҳои ӯ ба камол расидаанд.
«Ин мавҷуди муқаддас давоми умри худ бори гарони зиндагӣ ва тамоми вазниниҳои рӯзгорро аз тарбияи фарзанд сар карда, то танзиму сариштаи ҳаёти оила ба дӯш дорад ва илова бар ин, дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеаву давлат ва иҷрои вазнинтарин корҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои саноату сохтмону кишоварзӣ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолона иштирок меварзад», — илова намуданд Сарвари давлат.
Ба таъкиди Президенти мамлакат, бо назардошти он ки занону духтарон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷумҳурӣ нақши бисёр арзишманду муассир доранд, давлат ва Ҳукумати мамлакат масъалаи таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар маркази сиёсати худ қарор додаанд.
«Ғамхории доимӣ дар ҳаққи занону духтарон, дастгирии пайвастаи ибтикороти созандаи онҳо, фароҳам овардани заминаву имконияти мусоид барои амалӣ гардидани иқдоми неку ободгаронаашон натиҷа ва баёнгари ҳамин сиёсат мебошад», — ишора намуданд Пешвои миллат.
Бознашр аз АМИТ “Ховар”