Имрӯз дар Вазорати нақлиети Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун бахшида ба таҷлили “Рӯзи модарон” ва ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмиллалӣ байни занону бонувони воҳидхҳои сохтории Вазорат баргузор гардид.
Дар озмун Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим аъзоёни Ҳайати ҳакамон Рустамзода Дилафрӯз, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон, Умарова Муҳаббат, сармутахассиси кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва аъзоёни дигар сохторҳои давлати иштирок доштанд.
Озмун бо мақсади баланд бардоштани маҳорат, истеъдод, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чехраҳои нави суханвару сухандон, арч гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ байни занону бонувони воҳидҳои сохтории Вазорати наклиёт дар назар гирифта шудааст.
Дар озмуни мазкур аз руйи ҳар зерсохтори Вазорат 5 нафар занону бонувони синну соли гуногун иштирок намуда, ҳунару истеъдоди худро нишон доданд. Аз руйи шартҳои озмун аъзоёни ҳакамон ба иштирокчиёни озмун дастаи “Хуҷаста”-и Вазорати нақлиёти Ҷумхурии Тоҷикистон ҷойи якум,
дастаи “Беназир”-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва дастаи “Маърифат”-и МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” ҷойи дуюм, дастаи “Баҳори Аҷам”-и МД «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ», дастаи “Навбаҳор”-и Маркази татбики лоихахои тачдиди роххо ва Дастаи “Бунафша”-и Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҷойи сеюм баҳогузорӣ намудаанд.
Ба ғолибони озмун бо туҳфа ва Ифтихорномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ намуданд.
Иноятова Ширин,
радиои “Тоҷикистон”