Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар заминларза ва лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Бар асари ин ҳодисаҳо талафоти ҷониву хисороти дигар сабт нашудааст. Дар ин бора КҲФ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ бино ба гузориши Хадамоти Геофизикии АМИТ 3 марти соли 2024 соати 12:05 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази ин заминларза 460 километрҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 20 километр ҷануби ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд.
Қувваи ин заминларза дар маркази он 3 балл ва дар қаламрави ноҳияи Мурғоб 2 баллро ташкил дод.
2 марти соли равон тахминан соати 18:22 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 21-уми роҳи мошингарди Рӯшон-Бартанг, ки аз ҳудуди рустои Ҷизеви ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшон мегузарад, тарма роҳро баст.
Барои рафъи паёмадҳои ин офати табиӣ кормандон ва техникаи хадамоти роҳи ноҳия ҷалб карда шуд. Дар натиҷа рӯзи 3 марти соли равон соати 15:04 дақиқа ҳаракати мошинҳо ба ду самт таъмин гардид.