Мо ҳамеша ба неруи созандаи занони фарзонаву оқили тоҷик такя менамоем. Онҳо дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ – устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соҳибмаърифату банангу номус, ватандӯсту худшинос, инчунин, бо заҳмату талошҳои пайгиронаи худ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми босазо гузошта истодаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Бо таъсисри андешаҳои бебунёдӣ иддае аз табақаҳои ҳукмрони асримиёнагӣ нисбат ба мақому мартабаи зан хело кам маълумотҳо дар бораи занони таърихсози тоҷик боқӣ мондааст. Махсусан, барои шинохти занони номовари аҳди Сомониён маълумотҳо дар адабиёти таърихӣ хело кам ва ноқис тасвир шудаанд. Дар асрҳои миёна, махсусан пас аз густарши дини ислом аз ҷониби афроди алоҳидаи гумроҳ, чунин талқин мешуд, ки гӯё вазифаи зан танҳо дар хона мондану чун манбаи ишрати мард қарор гирифтан, парвариши фарзандон ва кори рӯзгори хонаводагӣ буду халос. Ҳатто ба лаб овардани исми занро ҷоиз намедонистанд. Бо вуҷуди ин, шариати асли ислом нисбати зан хело нигоҳи инсондӯстона дорад.
Аз рӯи сарчашмаҳои таърихӣ маълум мешавад, ки асрҳои IX – Х, ки замони ҳукмронии сулолаҳои тоҷикӣ – форсии Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Зиёриён, Бувайҳиён дар ҳудудҳои Тоҷикзамини таърихӣ мебошад, дар қиёс ба ҳукумати Аббосиҳо ва сулолаҳои туркии минбаъда, зан то андозае аз ҳуқуқҳои худ бархурдор буд. Дар давлати Сомониён ҳатто зан то ба мақоми подшоҳӣ расида буд ва ҳамчун ходими сиёсию давлатӣ усули махсуси идораи давлатро роҳандозӣ намуд. Масалан, соли 976 ҳангоме, ки амири Сомониён Мансури I (961 – 976) вафот кард зимоми давлат ба ӯҳдаи валиаҳди ӯ писари 13 солааш Нуҳи II расид. Аммо аз сабаби хурдсолӣ амалан идораи давлат дар дасти модари ӯ, яъне завҷаи амир Мансури I буд. Дар таърихи миллати мо то густариши ислом чунин занони сиёсатмадору майдондор ба монанди Фаронак (модари шоҳ Фаридуни пешдодӣ), Гурдофарид (паҳлавондухтари ориёӣ), Заррина (маликаи сакоиҳо), Мондоно (модари Куруш), Спак (модархонди Куруш), Томарис (маликаи массагетҳо), Косондон (завҷаи Куруш), Отсо ё Отусо (духтари Куруш ва зани Дорюши Кабир), Сататира (Ситора, духтари Дорои III), Обона (Апама, духтари Спитемени диловар), Рухшона (духтари волии Бохтар Вахшуварт), Ютоба (муборизи зидди мақдуниҳо), модари Шопури II, Гурдия (хоҳари Баҳроми Чӯбина), Марям, Сирӣ – Ширин (занони Хусрави Парвиз), Бӯрондухт, Озардухт (маликаҳои Сосониён), Шаҳрбону (духтари Яздигурди III), Хуррама (завҷаи Маздак), Хутак (маликаи Бухоро) ва ғайра, хело зиёд буданд. Бинобар навиштаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «…дар давлатдории қадими миллии мо ин иқдом, (ба даст гирифтани идораи давлат аз тарафи модари Нуҳи II дар назар аст. Д. М) яъне кафолати идораи кишварро ба даст гирифтани зан падидаи нав набуд… ҳангоми истилои араб подшоҳи Бухоро зан буд (маликаи Бухоро – Хутак дар назар аст. Д. М) ва барои ҳифзи марзу буми кишвараш ҷоннисориҳо аз худ нишон дод».
Бо таъсири сиёсати фарҳангпарварона ва инсондӯстонаи давлати Сомониён чанде аз занон дар ин қаламрав чун чеҳраҳои намоёни илму фарҳанг падидор шуданд. Бархе аз занони олимон дар муҳити хонаводагӣ соҳибмактаб буданд. Аз ин ҷост, ки бисёри бузургони мо нахуст устоди хеш модари худро медонанд. Дар аҳди Сомониён теъдоди чунин занони донишманд бе зикри номашон хело зиёд буданд. Мутаассифона, тавре дар боло қайд намудем зикри номи занонро бархе аз рӯҳониён хурофотӣ ҷоиз намедонистанд ва ифшои онро ба бенангии мардони хонадон алоқаманд менамуданд. Аз ин рӯ, исми бисёре аз онҳо дар хотираи таърих намондааст. Дар ин миён ҳатто занони донишманде буданд, ки дар мавриди додани ҳаргуна фатвоҳои ҳуқуқӣ низ нақш доштанд. Ҳамин паҳлӯи мавзӯро дар замони Сомониён донишманди эронӣ Муҳаммадризои Ноҷӣ таҳлил намуда, аз ҷумла чунин менависад: «… дар шаҳрҳои Мовароуннаҳр ва дигар шаҳрҳо, вақте фатвое аз хонаи олиме содир мешуд, ҷуз хатти соҳибхона, хатти духтар ва ҳамсар, хоҳар ва дигар бастагони ӯ низ дар пои он буд». Ҳамин тавр, дар хонадони ҳар як нафар олиму мударрис зане соҳибдилу равшанфикр вуҷуд дошт, ки бо қалби худ чароғи хонадону ҷомеа буд. Дар шаҳрҳои марказӣ теъдоди занони соҳибмактаб бештар буд. Аслан онҳо духтарбачаҳо ва ё писарони хурдсолро таълим медоданд. Маҳз чунин модарони боифату солеҳа буданд, ки дар домони поки эшон чеҳраҳон ба мисли Исмоили Сомонӣ, Наср ибни Аҳмад, Табарӣ, Балъамӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Абӯшакури Балхӣ, Наршахӣ, Ҷайҳонӣ, Утбӣ, Гардезӣ ва садҳо нафарони дигар, парвариш ёфтанд.
Бо мақсади ошноии бештар метавон чанде аз онҳоро, ки дар адабиёти таърихӣ номашон ҳифз шудаанд ин ҷо муаррифӣ намуд.
Қозии Ҷузҷон Муҳаммад ибни Аҳмади Абириҷо духтаре дошт, бо исми Хадиҷа, ки ҳамчун фақеҳ муҳаддис шӯҳрат ёфта буд. Хадиҷа забони арабӣ ва фиқҳро аз падар ва модари хеш меомӯзад. Ӯ муддати сад сол умр мебинад ва дар хонаи хеш мактаби духтаронаеро сарварӣ мекард.
Бонуи дигар бо номи Каримаи Кушмиҳании Марвазӣ (асрҳои Х – ХI) мебошад, ки аз сабаби истиқомат дар Макка бо лақаби «Муҷовира» (бошандаи назди ҷойҳои муқаддас) машҳур шудааст. Ӯ зодаи шаҳри Марв буда, дар ҷавонӣ аз донишмандон Абӯалӣ Зоҳир ибни Аҳмади Сарахсӣ ва Муҳаммад ибни Маккӣ ибни Муҳаммади Марвазӣ ҳадис омӯхтааст. Дар донистани адабиёту ҳикмат ҳам ҳамто надошт. Бинобар навиштаи Муҳаммадризои Ноҷӣ ӯ зани фозилу донишманд буда ва дар тӯли ҳаёт издивоҷ накардааст. Ҳамроҳи падараш Аҳмад ибни Муҳаммади Ҳотам ба сафари Байтулмуқаддас ва Макка рафтааст. Ба навиштаи ин донишманд Карима борҳо «Саҳеҳ»-и Бухориро ривоят кардааст ва касоне чун Хатиби Бағдодӣ аз ӯ ривоят намудаанд.
Яке аз бузургтарин чеҳраҳои фарҳангӣ ин Робияи Балхӣ мебошад. Ӯ яке аз шоираҳои номовари аҳди Сомониён буд, ки дар эҷодиёташ ишқи поки инсониро тараннум намудааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби хеш «Забони миллат – ҳастии миллат» доир ба Робияи Балхӣ чунин менависанд: «Робиа бинти Каъби Қуздории Балхӣ аз нахустин бонувони сухансарои аҳди сомонист, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ шеърҳои ошиқонаи ҷаззобу рангин сурудааст. … Аз ашъори ӯ маҷмӯан то рӯзгори мо 55 байт боқӣ мондааст. Забони ашъораш аз лутфи табъ ва рангинии хаёлаш дарак медиҳад». Дар воқеъ Робия яке аз занони озода ва озодандеш буд ва аз ишқи покаш бо нафаре бародараш (пушти падараиаш араб буд ) огоҳ шуда ӯро мекушад. Бо ин Робиа бадном мешавад. Ҳатто баъзе аз шоирони классик ӯро мазаммат намуданд. Масалан тазкиранигор ва шоири асрҳои XII – XIII Муҳаммад Авфӣ дар асари худ «Лубоб – ул – албоб» менависад, ки «… зане ошиқпеша ва шоҳидбоз (бачабоз, фоҳиша. Д. М.) буд». Албатта таассуби динию мазҳабӣ ҳатто ба бархе аз шуароро имкон намедод, ки воқеиятро ифшо созанд.
Гумони ғолиб бар он аст, ки умуман дар ҳавзаҳои илмию адабии Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Ҳисор, Ҳироту Балх, Марву Нишопур ва ғайра чунин занони соҳибмаърифат ва рӯшанфикр бо теъдоди ангуштшумор вуҷуд доштанд, ки ҳар яке мақоми муаяйнеро соҳиб буданд. Аммо аз сабабҳои дар боло ёдшуда мо наметавонем номи бештари онҳоро ин ҷо зикр намоем.
Зан – модари тоҷик маҳз дар замони соҳибитиқлолӣ мақоми шоистаи худро пайдо намуд. Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ нақш ва ҷойгоҳи занон нақши муайянеро соҳиб мебошад. Ба ҳамаи ин қабули чандин санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ ва барномаи давлатӣ шаҳодат медиҳанд. Инчунин дар ҳама Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба масъалаи ҳаёти занон ва беҳдошти мақоми онҳо бевосита таваҷҷӯҳ зоҳир мешавад. Таҳлилҳои солҳои охир нишон медиҳад, ки дар воқеъ нақши занон дар тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа сол то сол боло рафта истодааст.
Маликшо Шарипов,
Давлатшоҳ Маҳмудов,
омӯзгорони факултаи таърих ва ҳуқуқ