Дар Душанбе раванди татбиқи барномаҳои давлатии соҳавии самти кор бо занон ва оила баррасӣ гардид

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша дар курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки бо ибтикори Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардида истодааст.

Аз таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти марҳила ба марҳила баланд бардоштани мақому манзалати занону бонувон баёни андеша намуда, раванди татбиқи барномаҳои давлатӣ ва байналмиллалии самти кор бо занон ва оиларо барои шунавандагони курс мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дод.