Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла таҷлили 31-солагии таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон, тағйирот ба қонун “Дар бораи маориф”, даргузашти Ҳофизи халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов ва мавзуҳои дигар матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 21 феврал мақолае дар робита ба рушди саноат дар кишвар, бахусус соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо, аз ҷумла сангҳои ороишӣ, нашр кард. Ба гуфтаи Абдувоҳид Маҳмудзода, муовини сардори раёсати саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, айни ҳол дар кишвар 18 корхонаи коркарди санг фаъолият дорад. Ин корхонаҳо давоми соли сипаришуда ба маблағи умумии 30,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.
Дар идома гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 1000 кон ва зуҳуроти сангҳои ороишӣ ва ранга мавҷуд буда, аз рӯи ҳаҷми захираҳои канданиҳои фоиданок қисми зиёди онҳоро санги хоро, мармар, оҳаксанги мармаршуда ва сангреза ташкил медиҳанд, ки ҳамчун заминаи ашёи хоми маҳаллӣ муҳим арзёбӣ мегарданд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ҳамчунин мақолае таҳти унвони “Сайёҳӣ. Дар рушди соҳа бетараф намебошем” чоп карда, масъалаи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро матраҳ кардааст.
Ба навиштаи муаллиф, тибқи Феҳрасти ёдгориҳои таърихии Вазорати фарҳанг айни ҳол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 647 ёдгории таърихӣ мавҷуд мебошад, ки арзиши баланди бостонӣ доранд. Мутаассифона, имрӯз бештари онҳо дар ҳолати ногувор ва маҳвшавӣ қарор дошта, ба ҳифзу навсозии таъҷилӣ ниёз доранд. Муаллиф таъкид мекунад, ки ин масъала ахиран дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии миллӣ барои рушди сайёҳӣ бо ҳузури раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ баррасӣ шуд.
Алишер Мирзонабот раиси вилоят дар фарҷоми ҷаласаи Шуро таъкид сохт, ки барои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла петроглифҳои деҳаи Лангари ноҳияи Ишкошим, қӯрғонҳои Юрхбуқи (теппаи хирс)-и водии Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъа, оташкадаи деҳаи Боғеви ноҳияи Шуғнон, Қалъаи Вамари ноҳияи Рӯшон ва амсоли инҳо аз раисони шаҳру ноҳияҳо сар карда, то сокинони одии маҳал бояд масъулият зоҳир намоянд, зеро беэътиноиву беэҳтиромӣ нисбат ба ин ёдгориҳо беҳурматӣ ба гузаштаи пурифтихори миллат мебошад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 21 феврал хабар дод, ки Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи рӯзи бистуми феврал ба қонун “Дар бораи маориф” тағйироту иловаҳо ворид кард. Тибқи тағйироти мазкур аз ин ба баъд дар Тоҷикистон таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) барои ҳамаи кӯдакон ҳатмӣ мешавад.
Зариф Ализода намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар парлумон гуфт, ки тибқи ин тағйирот шаҳрвандон уҳдадоранд баъд аз гирифтани таълими умумии асосӣ (синфи 9) таълимро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 9-11) ё мувофиқи хоҳиш дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ идома диҳанд.
Ҳамзамон, тибқи тағйироти пешниҳодшуда дар баробари кафолати таълими умумии асосии ҳатмии ройгон давлат ба шаҳрвандони Тоҷикистон таълими миёнаи умумии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.
Аз сӯи дигар Раҳим Саидзода вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, ки бо ҳатмӣ гардондани таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани 34 200 нафар хонанда ҳалли худро меёбад.
Вай дар идома афзуд, ки дар Тоҷикистон соли 2023 ноболиғон 474 ҷиноят содир карданд, ки ки тибқи таҳлилҳо аз 551 нафар ноболиғи ҷиноятсодиркарда 436 нафари онҳо (79,1 %) ноболиғони дурмонда аз кор ва таҳсил ҳастанд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 21 феврал матлабе зери унвони “Электромобил. Воридот зиёд, вале нарх гарон” чоп карда, навишт, ки соли 2023 Тоҷикистон наздики 3,5 ҳазор мошини барқӣ воридот шуд, ки дар қиёс ба соли пеш 2558 адад зиёд аст.
Муаллиф ёдовар мешавад, ки аввали соли 2022 парлумони Тоҷикистон воридоти нақлиёти барқиро ба муҳлати 10 сол аз боҷи гумрукӣ андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз озод аст.
Аммо аз сӯи дигар бо вуҷуди афзоиши воридот, сокинон мегӯянд, ки нархи электромобил ҳанӯз ҳам барояшон миёншикан аст. Самариддин Ҷалилов як нафар ронандаи таксӣ мегӯяд, ки маҷбур аст, то электромобил харидорӣ карда, 5 соли дигар қарзи онро пардохт кунад. Зеро нархи мошинҳои барқӣ ҳадди ақал аз 200 то 300 ҳазор сомонӣ аст.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 22 феврал бо нашри мақолае масъалаи тул кашидани бунёди боғи нави ҳайвонот дар шаҳри Душанберо баррасӣ кардааст.
Ба гуфтаи сармеъмори шаҳри Душанбе Самӣ Азизиён, ин масъала то ҳол мавриди баррасӣ қарор дорад”. «То ҳол касе посух надод, аз ин рӯ, мӯҳлати сохтмон ва манбаи маблағгузории лоиҳа маълум нест”, — гуфт Азизиён.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2021 шаҳрдории Душанбе аз тоҷирони ватаниву хориҷӣ барои бунёди боғи нав дар асоси лоиҳаи омодашуда даъват карда буд. Тибқи лоиҳа, майдони умумии боғи нави ҳайвонот 13 гектар буда, 1500 намуди ҳайвонот, паррандагон ва хазандагонро дар бар мегирад.
Бояд гуфт, ки Боғи ҳайвоноти Душанбе 60 сол қабл дар маркази пойтахти Тоҷикистон ифтитоҳ шуда, ки солҳо боз таъмири асосиро надидааст ва умуман ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.
Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 22 феврал бо нашри матлабе аз афзоиши назарраси тиҷорати электронӣ дар вилояти Суғд хабар дод. Муаллиф менависад, ки бино ба маълумоти Раёсати андоз дар вилояти Суғд, ба ҳолати 1 – уми январи соли ҷорӣ 538 воҳиди тиҷорати электронӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуда, ки аз он 471 нафарашон соҳибкорони инфиродӣ ва 67 ададашон шахсони ҳуқуқӣ мебошанд.
Ин манба меафзояд, ки маблағи андозҳои пардохтшуда аз ҳисоби тиҷорати электронӣ ба қисми даромади буҷет дар соли 2023, ба 18 миллиону 340 ҳазору 800 сомонӣ расид.
Таъкид мешавад, ки ин нишондод нисбат ба соли 2022 3,7 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиши пардохти андозҳо 125,3 дарсадро ташкил дод.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”