Cанаи 22 феврал ыиҳати таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ ба бемориҳои саратон дар кишвар дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ҷаласаи корӣ доир гаштааст.
тавре сомонаи расмии ин Вазорат иттилоъ медиҳад, дар он муовини якуми вазир, роҳбарони як қатор муассисаҳои тиббию табобатӣ, мутахассисони соҳа ва ҳамзамон ба тариқи онлайн роҳбарони муассисаҳои соҳавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.
Қайд карда шудааст , ки дар ин самт дар давоми соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ” як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.
Гуфта Ворид намудани усулҳои нави табобати бемориҳои саратон яке аз самтҳои афзалиятнок дар соҳа ба шумор рафта, бо мақсади ворид намудани технологияҳои муосир дар ташхиси патоморфологй ва иммуногистохимиёвй бо ширкати DB Biotech (Словакия) моҳи апрели соли 2023 ташхисгоҳи иммуношгистохимиевӣ дар маркази номбурда ба кор шурӯъ намуд, ки дар натиҷа ба беморони гирифтори саратони ғадуди шири бо истифодаи 4 “антитела” ба даҳҳо бемор ташхиси ИГХ гузаронида шуд.
Ҳамзамон дар ин давра маркази номбурда дар самти ташхис ба як қатор навгониҳо, аз ҷумла ворид намудани онкомаркари НЕ-4 дар бемориҳои онкогинекологӣ, ворид намудани усули рангуборкардани ташхисҳои стологӣ бо усули Нохта (Эозин, Азур 2, буфери фосфатӣ), биопсия омосҳои миёнадевор таҳти назорати компютери томографӣ, ворид намудани барномаи иловагии томографияи компютерӣ барои пайваст намудани буриши аксҳо дар системаи верификатсионӣ бо нақшгирии 3D дар омосҳои бадсифати бофтаҳои мулоим, инчунин дар самти табобат низ ба як қатор навгониҳо ноил гардидааст.
Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ дар шӯъбаи уропроктологияи маркази мазкур дастгоҳи нави систоскопия эндовидеой дастрас ва ҷарроҳиҳои беморони гирифтори саратони масона ва уретра бо намуди трансуретралй (ТУР) ба роҳ монда шуд.