Дар “Шоми Бокс”-и Душанбе киҳо ғолиб омаданд?

16-уми феврал дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе таҳти унвони «Шоми чемпионҳои Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA)» мусобиқаи бокси касбӣ баргузор шуд. Бори аввал дар мусобиқа чаҳор муштзани тоҷик Шавкат Раҳимов, Баҳодур Усмонов, Акмал Убайдов ва Шамшер Саидов ширкат варзиданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар мусобиқаи бокси касбӣ таҳти унвони “Шоми чемпионҳои IBA” ба ҳайси меҳмони фахрӣ ҳузур доштанд. Муштзани машҳури амрикоӣ Рой Ҷонс ва дигар меҳмонони фахрӣ ҳам дар чорабинӣ иштирок карданд.

Рақобати асосӣ байни намояндаи Русия Шарофутдин Атаев бо Алфонсо Домингес аз Озарбойҷон барои камарбанди Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) дар вазни -86 кг доир гардид.

Дар набард бо рақиби аслии худ Лорен Алфонсо Домингес се маротиба нокдаун ба даст овард ва бо қарори якдилӣ пирӯз шуд. Атаев ва Домингес се маротиба дар ринги бокси олимпӣ дар финалҳои мусобиқоти муҳим вохӯрданд ва ду бор муштзани рус пурқувваттар буд.

Ҳамин тавр, Атаев соҳиби 350 ҳазор доллар шуда, Алфонсо бошад, соҳиби 150 ҳазор доллар гардид.

Муҳорибаҳои дигари шоми бокс байни муштзани тоҷик Шавкатҷон Раҳимов бо Эдуардо Нунеси мексикоӣ барои дарёфти унвони чемпионӣ аз рӯи версияи Федератсияи байналмилалии бокс (IBF) дар вазни 58,9 кг баргузор шуд.

Раҳимов Шавкатҷон дар раунди 11-ум тариқи нокаути техникӣ аз Эдуардо Нунйес мағлуб шуд.

Муштзани дигари тоҷик Баҳодур Усмонов ва Ҷавид Чалабийев аз Озарбойҷон   дар вазни 63,5 кг барои дарёфти унвони чемпиони Осиё рақобат карданд.

Баҳодур Усмонов бо қарори доварон бар Ҷавид Чалабийев пирӯз шуда, унвони қаҳрамонии Осиёро аз рӯи фарзияи IBA ба даст овард. Ин дуюмин унвони Баҳодур маҳсуб мешавад.

Муштазни дигари тоҷик Убайдов Акмал дар вазни 57 кг муқобили Серикбай Ассюлжан аз Қазоқистон пирӯзӣ ба даст овард. Муштзани тоҷик Саидов Шамшер дар вазни 67 кг дар раунди 6-ум муқобили Сулайманбек Уулу Акжол аз Қирғизистон бо қарори доварон музаффар гардид.

Дар вазни 57 кг  муштзани ӯзбек Мирзокарим Мирзохалилов бар Родригуез Окана Луиси мексикоӣ пас аз раунди 10-ум бо қарори доварон зафар ёфта, унвони қаҳрамониро ба даст овард.

Бознашр аз https://varzishtv.tj/